Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абхозистон эътирофи истиқлолияташро мехоҳад


Парлумони Абхозистон имрӯз дархости раиси ин ҷумҳурии ҷудоиталаб Сергей Багапшро, ки Русияро ба эътирофи истиқлолияти Абхозистон даъват мекард, тасвиб кард.

Қаблан Темур Якобашвили, вазири ҳамоиши Гурҷистон ин иқдомро як чизи беҳуда хонда буд.

Дар ҳамин ҳол, муовини раиси маҷлиси болоии парлумони Русия гуфтааст, Шӯрои Федеросиюн алакай рӯзи 25 август ба баррасии масъалаи эътирофи истиқлолияти Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ шурӯъ мекунад.

Раиси ин Шӯро Сергей Миронов гуфтааст, агар раисиҷумҳур чунин қарор кунад, вакилони маҷлис омодаанд истиқлолияти он ду минтақаро ба расмият бишиносанд.

XS
SM
MD
LG