Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анвар Юнусов дар даври 1/4-ниҳоӣ шикаст хӯрд


Муштзани тоҷик Анвар Юнусов рӯзи чоршанбе, 20 август, дар даври чаҳорякниҳоии сабқати муштзанӣ дар вазни то 51 кило дар Бозиҳои Олимпии Пекин аз рақиби таиландиаш Сомҷит Ҷонгҷоғор бо натиҷаи 1:8 шикаст хӯрд ва аз шонси даст ёфтан ба медалҳои Олимпиада маҳрум шуд.

Як рӯз қабл муштзани дигари тоҷик Ҷаҳон Қурбонов, ки дар вазни то 81 кило низ ба даври чаҳорякниҳоии Бозиҳои Олимпӣ роҳ ёфта буд, ба маҳзи рафтори ғайриварзишӣ ҳангоми набард бо рақибаш аз Қазоқистон аз майдон ронда шуд.

Ба ин тартиб, аз 15 узви тими олимпии Тоҷикистон танҳо гуштигир Юсуф Абдусаломов дар Пекин намои ҳунар накардааст. Ӯ ба рақобатҳо рӯзи 21 август шурӯъ мекунад.

То кунун танҳо медали дар Олимпиадаи Пекин ба дастовардаи Тоҷикистон медали биринҷии Расул Боқиев дар гуштии дзюдост ва Тоҷикистон дар сабқати 204 кишвар феълан дар мақоми 71 қарор доштааст.

XS
SM
MD
LG