Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон дар Боку бӯҳрони Гурҷистонро баҳс мекунад


Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон имрӯз ба хотири баҳси масоили марбут ба низоъи байни Гурҷистону Русия вориди Боку, пойтахти Озарбойҷон шуд. Эрдуғон гуфт, ин низоъ бар нигарониҳо дар бораи вазъи суботи минтақа афзудааст ва ӯ бо раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев пешниҳоди Анкара дар бораи шеваҳои субот ва ҳамкорӣ дар Қафқозро баҳс хоҳанд кард. Ӯ афзуд, мақомоти Туркия мехоҳанд ин пешниҳодро бо мақомоти Арманистон, ки то ҳол бо Туркия равобити дипломатӣ надорад, низ дар миён гузоранд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар ҳафтаи гузашта бо ин тарҳи пешниҳодӣ ба Маскаву Тифлис низ сафар карда буд.
XS
SM
MD
LG