Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии IPI аз ҳамлаҳо ба журналистон


Пажӯҳишгоҳи байналмилалии матбуот(IPI) дар бораи ҳамалот алайҳи журналистон ва талошҳо ба хотири маҳдуд кардани озодии матбуот дар Гурҷистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Ин созмони мақараш дар Вена мегӯяд, дастрасӣ ба манотиқи таҳти назорати Русия, аз ҷумла ба шаҳри Горӣ ва ба минтақаи ҷудоиталаби Осетияи ҷанубиро барои хабарнигорони гурҷиву хориҷӣ иҷозат намедоданд.

Пажӯҳишгоҳи матбуот мегӯяд, чандин хабарнигор дар дохил ва ҳошияи Горӣ куштаву захмӣ шуданд ва таҷҳизоти бархе аз хабарнигоронро мусодира кардаанд.

XS
SM
MD
LG