Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гоми дигари Абхозистон ба сӯи ҷудоӣ


Парлумони Абхозистон рӯзи 21 август дархости раиси ин ҷумҳурӣ Сергей Багапш ба Русия ҷиҳати шинохти истиқлолияти ин ҷумҳурии ҷудоиталабро баррасӣ хоҳад кард. Вячеслав Тсугба, муовини раиси парлумони Абхозистон ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, тарҳи ниҳоии ин дархостро аъзои маҷлис ҳамроҳ бо намояндагони аҳзобу ҷунбишҳои фаъол дар ин ҷумҳурӣ тасвиб хоҳанд кард. Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ худро дар авоили солҳои 90 аз Гурҷистон мустақил эълон кардаанд, вале то кунун истиқлолияти ин ду минтақаи ҷудоиталабро ягон кишвари дигар эътироф накардааст.

XS
SM
MD
LG