Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии НАТО аз Гурҷистон


Вазирони умури хориҷии Паймони атлантики шимолӣ ё НАТО дар лаҳзаҳои аввалини нишасти изтирорӣ дар Брюссел аз Тифлис пуштибонӣ карда ва гуфтанд, ки муносиботи минбаъдаи онҳо бо мақомоти Маскав бидуни тағйир намемонад. Яаап де Ҳуп Схеффер, дабири кулли НАТО гуфт, пас аз иқдомоти низомии Русия алайҳи Гурҷистон равобити ин созмон бо Русия монанди гузашта нахоҳад буд. Схеффер ҳамчунин гуфт, кишварҳои узви НАТО рӯзи сешанбе тавофуқ ҳосил карданд, ки кумитаи ҳамкории НАТО ва Гурҷистонро ташкил диҳанд, то равобити миёни ин созмон ва Гурҷистон мустаҳкамтар шавад. Қаблан, Кондолиза Райс, вазири умури хориҷии Амрико, таъкид карда буд, ки НАТО бояд Русияро дар пайи таҳоҷумаш ба Гурҷистон аз ҳар гуна пирӯзии стратегӣ маҳрум кунад.
XS
SM
MD
LG