Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони низомии САҲА ба Тифлис мераванд


Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мегӯяд, ҷониби Маскав ва Тифлис ба эъзоми 20 тан аз нозирони низомии ин созмон ба Гурҷистон ризоият додаанд. Александр Устуб, вазири хориҷии Финланд ва раиси давраии САҲА, изҳори уммедворӣ кардааст, ки акнун ин нозирон метавонанд, шаби сешанбе ба чоршанбе ба ин кишвар сафар кунанд. Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо феълан дар Гурҷистон 8 нозири ғайримусаллаҳ дорад.
XS
SM
MD
LG