Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: ҷои зисту кор ба муҳоҷирони баргашта


Аз солҳои аввали истиқлоли Қирғизистон то имрӯз дар маҷмӯъ 25 000 қирғизтабор аз кишварҳои дуру наздик ба ватани бумии худ баргаштаанд.

Дар ин бора дафтари матбуъоти ҳукумати Қирғизистон иттилоъ дод.
Ҳукумати кишвар ҷиҳати пазироии ин теъдод муҳоҷирони қирғизтабор дар минтақаҳои мухталифи вилояти Чуй 3 маҳалли қабули муҳоҷирон таъсис додааст. Гузашта аз ин, афзудааст дафтари матбуъоти ҳукумати Қирғизистон, дар вилояти Иссиқкӯли кишвар маркази таҷдиди ҳайсият ё нуқтаи реабилитасионӣ низ ифтитоҳ карда шуд, ки кӯдакони аз падару модар ятиммондаро ба канор мепазирад.
Моҳи июли соли равон ҳукумати Қирғизистон ба аъзои хонаводаҳои қирғизтабор, ки дар вилояти Бадахшони ҷумҳурии исломии Афғонистон ва ноҳияи Мурғоби вилояти Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ба сар мебаранд, ба маблағи 100 000 доллари амрикоӣ кумакҳои башардӯстона расонида буд. Порлумони кишвар ба манзури таъмини муҳоҷирони қирғизтабор бо шуғли ҳамешагӣ 10 000 квота ҷудо намуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки фақат дар нимаи аввали соли 2008 барои қирғизтабороне, ки аз хориҷи кишвар вориди Қирғизистон хоҳанд шуд, барои ҷои шуғл 5 500 квота ҷудо карда шуд. Ин иқдоми ҳукумати кишвар имкон медиҳад, ки муҳоҷирон зимни бозгашт ба ватани бумии худ ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ нашаванд.
Бино ба иттилоъи манбаъ, дар нимаи аввали соли равон тақрибан 6 000 ҷои нави кор омода ва дар ихтиёри муҳоҷирон гузошта шуд.
Назира Тошмуҳаммедова, коршинос дар умури иҷтимоъӣ, ин иқдоми ҳукумати кишварашро «иқдоми олиҷаноб ва муҳим» мешуморад, зеро «қирғизтабороне, ки бо амри тақдир дар қаламрави мамолики дигар ба сар мебаранд, ба чунин ғамхорӣ ниёз доранд». Коршиноси қирғиз гуфт, агар ҳукумат дар мавриди пешрафти мактабу маъорифи қирғизтаборони бурунмарзӣ низ бештар таваҷҷуҳ намояд, ба манфиъати кор хоҳад буд.
Ҳукумати Қирғизистон инчунин 30-вуми июни соли 2007 дар мавриди ҷуброни харҷи интиқоли ҷасади қурбониёни қирғизтабор ба хонаводаи онҳо дар ватан қароре содир карда буд. Тибқи ин қарор, Кумитаи муҳоҷирати Қирғизистон муваззаф аст, ҷасади онҳоеро, ки дар Русия бар асари беэҳтиётӣ ва ё ҳамлаи сартарошидаҳои рус кушта шудаанд, ройгон ба ватан интиқол диҳад.
Гуфта мешавад, ки Кумитаи муҳоҷирати Қирғизистон то кунун интиқоли ҷасади 14 шаҳрванди худро бар дӯш гирифта ва ҷиҳати интиқоли онҳо дар ҳудуди 330 000 сом (муодили 10 000 доллари амрикоӣ) масраф кардааст.
XS
SM
MD
LG