Имрӯз дар Ислобомод раҳбарони аҳзоби эътилофи ҳоким ба сари интихоби ҷойнишини Парвиз Мушарраф - собиқ раиси ҷумҳури Покистон баҳс хоҳанд кард. Қарор аст, дар нишасти имрӯз ҳамчунин барои бозгардонидани беш аз даҳ тан аз қозиёне, ки соли гузашта онҳоро генерал Парвиз Мушарраф аз мақомашон барканор карда буд, тасмимгирӣ шавад. Парвиз Мушарраф рӯзи гузашта, пас аз нӯҳ соли ҳукмронӣ, аз маснади раёсати ҷумҳурии Покистон канор рафт. Дар ҳоли ҳозир Муҳаммад Симру, раиси Маҷлиси ин кишвар муваққатан раёсати ҷумҳурии Покистонро ба ӯҳда дорад.