Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии матбуоти имрӯзи Ғарб


Аксари нашрияҳои ғарбӣ дар шумораи имрӯзи худ низ оқибатҳои буҳрони Осетияи Ҷанубӣ ба ҷомeаи ҷаҳониро ба баррасӣ гирифтаанд.

Ин буҳрон кишварҳои ҷаҳонро тақрибан ба ду лагер қисмат кард, навиштаанд рӯзномаҳо.
Рӯзномаи «Таймс»-и чопи Ландан хабар додааст, ки чи гуна хабарнигори нашрия бо чашмони худ шоҳиди ихтилофи бузурги абарқудратҳо дар заминаи як бархӯрди кӯчак дар як кишвари дурафтода шудааст. «Дар зимни ин ихтилоф ҷараёни дубора рӯ овардан ба ҷанги нави сард идома дорад», – омадааст дар нашрия.
Дар ҳамин ҳол «Санди таймс» хабар додааст, ки Русия барои бори нахуст пас анҷоми «ҷанги сард» мавзӯъи мусаллаҳ кардани киштиҳои ҷангӣ ва зериобии флоти Балтик бо мушакҳои ҳастаиро баррасӣ намудааст. Пойгоҳи аслии флоти Балтик шаҳри Калининград аст, навиштааст рӯзнома, ки дар марзи Иттиҳодияи Аврупо миёни Лаҳистон ва Латвия ҷой гирифтааст. Ба қавли рӯзнома, ин посухи Русия ба бунёди системи сипари зиддимушакии ИМА дар Аврупои шарқӣ мебошад.
«Шпигел»-и Олмон навиштааст, ки гурҷиҳо дар ҷанги Осетияи Ҷанубӣ аз силоҳи олмонӣ истифода кардаанд, ки ин дағалона вайрон кардани принсипҳои содироти силоҳ мебошад. Ба таъйиди рӯзнома, ширкати телевизионии SWR дар як гузориши худ намоиш додааст, ки чи гуна сарбозони гурҷӣ бо силоҳҳои сохти ширкати тавлидоти маҳсулоти мудофеъи «Heckler & Koch» дар амалиёти Осетияи Ҷанубӣ меразмиданд.
Аммо рӯзномаи амрикоии «Ню-Йорк таймс» аз он навиштааст, ки мақомоти Русия чи тавр дастрасии хабарнигорони ғарбӣ ба минтақаи таҳти назорати худ дар Осетияи Ҷанубиро маҳдуд ва ё комилан мамнӯъ кардаанд. Рӯзнома менависад, ин иқдоми русҳо баҳогузорӣ ба воқеъияти иттифоқуфтода дар буҳрони Қафқозро ҷиддан зери суъол мебарад ва ҳатто ғайримумкин мегардонад. Хабарнигорони ғарбиро, афзудааст рӯзнома, артиши Русия аз тариқи мошинҳои борбар, автобусҳо ва зиреҳпушҳо аз Владикавказ ба Тсихинвалӣ, маркази Остеияи Ҷанубӣ, мерасонанд ва аммо мулоқот бо мардуми азияткашида ва боздид аз деҳоти валангоршударо иҷоза намедиҳанд.
«Ел-Пейс»-и Испониё аз сохтори дохилии мафияи русҳо навиштааст, ки аз тариқи ҷинояткорони маъруф идора мешавад. Ба навиштаи рӯзнома, кашфи сохтори дохилии мафияи пурзӯри русҳо дар зимни амалиёти «сегона», ки тақрибан ду сол идома доштааст, аз сӯи пулиси Испониё ошкор шудааст. Рӯзнома меафзояд, ин мафия дар аксари кишварҳои Аврупо, аз ҷумла дар Русия, Олмон, Ҳуланд, Суёд (Шветсия), Малта, Бритониё, Юнон ва Исроил, иртибототи иқтисодӣ доштааст.
XS
SM
MD
LG