Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастгиршавии се узви "Ҳизб-ут-таҳрир"


Сарҳадбонони Тоҷикистон се нафар шаҳрвандро бо гумони узвият дар созмони тундрави «Ҳизб-ут-таҳрир» дастгир намуданд. Ба гуфтаи Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи кумитаи марзбонии Тоҷикистон, ин се шаҳрванд ҳини амалиёти махсуси сарҳадии «Достик-2008» дастгир шудаанд. Вай афзуд, дар ҷараёни ин амалиёт чаҳор амали вайронкунии сарҳад пешгирӣ карда шуд, ки дар натиҷаи он чор нафар қочоқчиёни маводи мухаддир низ дастгир ва ҳудуди 50 килограмм мухаддирот мусодира гардид.Ҳангом гузаронидани амалиёти «Достик-2008», гуфт ӯ, 16 адад яроқи оташфишон, 22 дона снаряд, 24 мина ва зиёда аз даҳ ҳазор тирҳои гуногун кашф ва мусодира шуд.
XS
SM
MD
LG