Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равшанбек Собиров – раиси тоҷикони Қирғизистон


Лаҳзае аз кори анҷуман
Лаҳзае аз кори анҷуман

Анҷумани 5-уми тоҷикони Қирғизистон Равшанбек Собировро раиси нави созмони тоҷикони Қирғизистон интихоб кард.

Равшанбек Собиров, зодаи ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯш буда, аз тоҷирони варзидаи тоҷиктабори ин кишвар ба шумор меравад.
Иштирокчиёни анҷуман ҳайъати 11 нафарии раёсати созмонро низ интихоб карданд. Профессор Абдуҳалим Раҳимҷонов, ки 15 сол раиси созмони тоҷикони ин кишварро бар уҳда дошт, аз мақомаш истиъфо дод. Ва вакилони анҷуман ӯро раиси ифтихории ин созмон интихоб карданд.
Зимни ироъаи гузориши ҳисоботӣ Абдуҳалим Раҳимҷонов, аз ҷумла, гуфт, ки бо ташаббуси як гурӯҳ равшанфикрони тоҷики муқими Қирғизистон моҳи ноябри соли 1992 Созмони тоҷикони кишвар таъсис ёфт. Вай афзуд, ки созмон дар 15 соли ахир ҷиҳати ҳифз ва пешрафти забону фарҳанг ва расму ойинҳои миллии тоҷикӣ дар Қирғизистон корҳои зиёдеро ба сомон расонид.
Ба гуфтаи профессор А. Раҳимҷонов, ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди таъмини мактабҳои тоҷикии Қирғизистон бо китобҳои дарсӣ кумакҳо намудааст ва, дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон имсол барои фориғуттаҳсилони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон 50 квота ҷудо кардааст.
Ин квота, ишора намуд Абдуҳалим Раҳимҷонов, ба ҷавонони тоҷиктабори кишвараш имкон хоҳад дод, ки бидуни мониъа ба донишгоҳҳои Тоҷикистон шомил ва соҳиби касб шаванд.
Гуфта шуд, ки Созмони тоҷикони Қирғизистон чанд номгӯй китобҳоро ба забонҳои тоҷикиву русӣ ва қирғизӣ нашр намуд, ки аз ҳаёт ва рӯзгори тоҷиктаборони Қирғизистон ҳикоят мекунад. «Тоҷикони Қирғизистон», «Чароғи дӯстӣ» ва «Аз Истаравшан то Алатоо» аз шумули ин китобҳост.
Дар поёни суханрониаш А. Раҳимҷонов номзадии Равшанбек Собировро ба мақоми раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон пешбарӣ кард.
Як гурӯҳ вакилони анҷуман Мухторҷон Дадаевро низ ба ин мақом номзад пешбарӣ карданд. Аммо Р. Собиров бо дарёфти 75 дарсади ороъ ба ин мақом пазируфта шуд.
Асомиддин Саидов, сафири томмулихтиёри ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон, ки ба ҳайси меҳмон дар Анҷумани 5-уми тоҷикони Қирғизистон ширкат кард, дар он суханронӣ намуд.
Оқои Саидов ба дунболи ин аз ҳаммилатони худ дар Қирғизистон даъват кард, ки аз мушкилиҳо наҳаросанд ва ба оянда бо назари нек нигоҳ кунанд. Ӯ ҳамчун раиси нави созмон иштирокчиёни анҷуманро итминон дод, ки пеш аз ҳама ба масъалаи мактабу маориф таваҷҷуҳ хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки, агар мактабу маъорифи тоҷикӣ дар ин кишвар равнақ ёбад, фарҳанг низ пеш рафта, забони тоҷикӣ ҳифз мешавад.
Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки нашрияи Созмони тоҷикони Қирғизистон аз нав роҳандозӣ шавад ва он моҳе як маротиба дар Бишкек интишор ёбад.
XS
SM
MD
LG