Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ: Сарбозони Русия бояд хориҷ шаванд!


Дар як паёмӣ телевизионӣ раисҷумҳури Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ талаб кард, ки сарбозони Русия хоки Гурҷистонро тарк намоянд. Ӯ ҳамчунон даъват кард, ки ба хотири пешгирӣ аз ғалатфаҳмӣ ду кишвар сари мизи музокирот нишинанд.
Президенти Русия Дмитрий Медведев ваъда дода буд, ки сар аз имрӯз беруншавии нерӯҳои Русия аз Гурҷистон оғоз меёбад. Сарбозони Русия даҳ рӯз пеш баъди кӯшиши нокоми ишғоли Осетияи Ҷанубӣ аз тарафи нерӯҳои гурҷӣ вориди хоки Гурҷистон шудаанд.
Кишварҳои ғарбӣ интизор доранд, Русия ба ваъдааш дар мавриди беруншавӣ аз Гурҷистон вафо мекунад. Котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс мегӯяд, ӯ бовар дорад, ки президент Медведев шахси қобили эътимод буда, ба ваъдааш вафо мекунад.
Президенти Фаронса Николас Саркозӣ, ки ба ҳайси раиси даврии Иттиҳодияи Аврупо созиши сулҳ миёни Русияву Гурҷистонро таҳия ва ба имзо расондааст, мегӯяд, агар Русия ба ҳамин зудиҳо аз хоки Гурҷистон берун нашавад, ӯ раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро ба мулоқот даъват хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG