Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белград: "Вуруди полиси ИА ба Косово иштибоҳ аст"


Белград вогузоштани ваколатҳои полиси Созмони Милали Муттаҳид дар Косово ба ихтиёри Иттиҳодияи Аврупоро чун “иштибоҳ” арзёбӣ кард. Ба гуфтаи Вук Еремич, вазири умури хориҷаи Сербия, тасмим дар ин бора бидуни ризояти Белград ва Шӯрои амнияти СММ гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки 2200 корманди полиси Иттиҳодияи Аврупо рӯзҳои наздик дар Косово ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард.

Мақомоти Сербия ҳамчунин изҳор карданд, ки бо ироаи ариза ба Додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти низомии Ҳейг ваё Гаага барои лағви эълони истиқлол аз сӯи Косово талош хоҳанд кард. Русия эълом дошт, ки барои кумак ба Белград дар таҳияи ин ариза омода аст.

XS
SM
MD
LG