Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел хостори хуруҷи зудтари нирӯҳои Русия шуд


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел имрӯз дар Тифлис гуфт, хуруҷи нирӯҳои Русия аз Гурҷистон бо суръате нест, ки ҷомиаи байналмилалӣ умед дошт. Меркел аз Маскав даъват кард, ҳаракат дар ин самтро суръат диҳад.
Аммо раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвили, ки дар як нишасти муштараки хабарӣ бо садри аъзами Олмон сӯҳбат мекард, гуфт, Тифлис хуруҷи билофосилаи нирӯҳои Русияро аз хоки Гурҷистон тақозо мекунад.
Ангела Меркел ҳамчунин гуфтааст, Гурҷистон агар бихоҳад, узви паймони низомии НАТО хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG