Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши бамб 10 афсари пулиси афғон кушта шуд


Таркиши бамби рӯироҳӣ дар вилояти Қандаҳор, дар ҷануби Афғонистон, дасти кам 10 афсари пулисро кушта барҷой гузошт.

Раҳбари пулиси Қандаҳор гуфт, мошини ҳомили як ҳайъати дидбонии пулис рӯзи шанбе дар улусволии Шоҳвалӣ Кот ба бамб бархӯрдааст. Ҳанӯз дақиқ нест, ки ин ҳамларо кӣ анҷом додааст, вале раҳбари пулис масъулияти онро бар дӯши ҷангиёни Толибон гузошт. Ҷангиён дар ин авохир ҳамалот алайҳи нирӯҳои пулиси Афғонистонро афзоиш додаанд.

XS
SM
MD
LG