Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори нороҳатии Маскав аз иқдоми Лаҳистон


Як генерали баландпояи Русия гуфтааст, қарордоди байни Лаҳистону Амрико ҷиҳати истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар қаламрави ин кишвари Аврупои шарқӣ, Лаҳистон ё худ Полшаро метавонад дар ҳадафи заработи мушакии Рувсия қарор диҳад. Хабаргузории Интерфакс аз қавли Анатолий Ноговитсин, муовини фармондеҳи ситоди кулли артиши Русия навишт, доктринаи низомии Русия ба ин кишвар ҳаққ медиҳад, силоҳҳои ҳастаияшро алайҳи кишварҳое истифода кунад, ки муттаҳиди яке аз қудратҳои дигари ҳастаии ҷаҳон буда, ба он қудрати ҳастаӣ бо роҳҳое ёрӣ мерасонад.

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев низ рӯзи ҷумъа гуфт, сипарҳои зиддимушакии Амрико, ки қарор аст, дар Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех гузошта шавад, дар воқеъ алайҳи Русия нигаронида шудааст, на алайҳи кишварҳое назири Эрон.

XS
SM
MD
LG