Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср: "Эрон бояд ҷаҳонро итминони хотир диҳад"


Сухангӯи раисиҷумҳури Миср гуфт, Эрон бояд Ғарбро дар бораи барномаҳои ҳастаияш итминони бештари хотир диҳад. Сулаймон Аввод гуфт, Эрон набояд худаш бо ду дасти адаб барои Ғарб баҳонаи ҷанг бидиҳад.

Ин изҳороти Сулаймон Аввод дар пайи мулоқоти раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак ва подшоҳи Арабистони Саудӣ малик Абдуллоҳ дар Искандарияи Миср садо дод.

Эрон тақозои мукаррари байналмилалӣ ҷиҳати қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумашро, ки метавонад ҳам барои тавлиди нирӯзи ҳастаӣ ва ҳам барои сохтани таслиҳоти ҳастаӣ истифода шавад, радд кардааст. Эрон мегӯяд, барномаҳои ҳастаияш аҳдофи мусолиматомез доранд.

XS
SM
MD
LG