Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Тоҷикистон ба нишасти муҳим


Вазири умури хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ дигарбора гуфтааст, Тоҷикистон хоҳони пазируфтани Эрон ба узвияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошад. Дар мусоҳибае бо хабаргузории давлатии “Ховар” Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфтааст, пазируфтани Эрон ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай боиси тақвияти ин созмон хоҳад шуд. Вале гуфтааст, оқои Зарифӣ меъёри қабули аъзои нав ба созмон таҳия нашудааст ва ин масъала дар нишасти ояндаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Душанбе баррасӣ хоҳад шуд. Интизор меравад, нишасти ояндаи созмон рӯзи 28 август, дар пойтахти Тоҷикистон баргузор гардад. Чину Русия, Тоҷикистону Қазоқистону Ӯзбакистон узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошанд ва Эрон дар он мақоми нозирро дорад.

XS
SM
MD
LG