Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Потиву Гориро тарк накардааст


Бо вуҷуди созиши оташбас миёни Русия ва Гурҷистон то кунун нерӯҳои Русия дар дохилу атрофи ду шаҳри Гурҷистон ҳузур доштаанд. Бино ба хабарҳои матбуоти ғарбӣ, мошинҳои зиреҳпӯш ва тонкҳои Русия ҳанӯз ҳам роҳи аслӣ ба самти шаҳри аз назари стротежӣ муҳими Гориро баста нигаҳ медоранд. Русия гуфтааст, ки назорати шаҳри Гориро то рӯзи шанбе ба ихтиёри пулиси Гурҷистон хоҳад супурд. Мақомоти расмии Тифлис гуфтанд, ки дар шаҳри Кутаисӣ дуввумин шаҳри бузурги Гурҷистон нерӯҳои Русия ҳузур надоранд, ҳарчанд гузориш мерасид, ки сарбозони рус шоми панҷшанбе ба самти ин шаҳр ҳаракат мекарданд. Ба қавли мақомоти Тифлис нерӯҳои Русия ҳанӯз ҳам шаҳри бандарии Потӣ воқеъ дар соҳили Баҳри Сиёҳро тарк накардаанд.

XS
SM
MD
LG