Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли як шарики Айман Ал-Завоҳирӣ


Мақомоти Покистон дурустии гузоришҳо доир ба ҳалокати як раҳбари олирутбаи Толибонро таҳқиқ доранд, ки гуфта мешавад, дар миёни нӯҳ ҷангҷӯе буд, ки дар марзи Афғонистон кушта шуданд. Муҳаммадхон - намояндаи ҳукумати Покистон гуфт, як чархболи низомӣ рӯзи панҷшанбе дар наздикии Хор, шаҳри аслии минтақаи қабоилнишини Баҷур, мошини ин ҷангҷӯёнро ҳадаф гирифтааст. Ин мошинҳоро қаблан Мавлавӣ Фақир Муҳаммад, яке аз шарикони наздики Айман Ал- Завоҳирӣ муовини раҳбари созмони терористии Ал-Қоида, истифода мекардааст.

XS
SM
MD
LG