Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар таҳияи тарҳи қатъномаи ША ширкат мекунад


Маскав дар таҳияи тарҳи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оид ба ҳалли низоъ миёни Русия ва Гурҷистон ширкат хоҳад кард. Ба гуфтаи намояндаи Русия дар СММ Виталий Чуркин, тарҳи қатънома бояд дар пояи нуктаҳои созиши Гурҷистон, ки аз сӯи раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ пешниҳод ва аз сӯи Маскав ва Тифлис пазируфта шудааст, таҳия шавад.
Дирӯз Николя Саркозӣ ва Кондализа Райс, Котиби давлатии ИМА дар Порис ҳаводиси Гурҷистонро баррасӣ карданд. Онҳо аз Русия ва Гурҷистон даъват карданд, ки ҳарчӣ зудтар зери созиши оташбас имзо гузоранд.

Интизор меравад, ки имрӯз хонум Райс вориди Тифлис шавад ва пуштибонии Вошингтон аз мақомоти Гурҷистонро таъкид кунад.

XS
SM
MD
LG