Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи нерӯҳои Русия аз Горӣ ба таъхир уфтод


Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон бегаҳи панҷшанбе изҳор кард, ки тонкҳои Русия сӯи шаҳри Сенакӣ ҳаракат мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи нерӯҳои русӣ - ишғоли шаҳри Кутаисӣ, воқеъ дар ғарби Гурҷистон аст. Ва аммо ин иттилоъ ҳанӯз аз сӯи манбаъҳои мустақил тайид нашудааст. Низомиёни рус низ изҳороти раҳбари Гурҷистонро ташреҳ накардаанд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, рӯзи панҷшанбе низомиёни Русия назорати шаҳри Горӣ, воқеъ дар маркази Гурҷистонро ба ихтиёри кормандони полиси гурҷӣ вогузоштанд. Ва аммо ҳамзамон хабар расид, ки хуруҷи нерӯҳои русӣ аз ин шаҳр ба таъхир уфтодааст. Як мақоми вазорати умури хориҷаи Гурҷистон гуфт, "тибқи созиши ҳосилшуда бояд нерӯҳои Русия соати 7-и субҳ аз Горӣ берун мешуданд ва аммо баъдан русҳо хабар доданд, ки боз ду-се рӯзи дигар дар шаҳр боқӣ хоҳанд монд". Генерали рус Вячеслав Борисов ба хабаргузориҳо гуфт, онҳо шаҳрро фақат замоне тарк хоҳанд кард, ки ба таъмини “волояти қонун ва тартибот” мутмаин шаванд.

XS
SM
MD
LG