Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс: "Фурсати муноқиша ба поён расид"


Вазири умури хориҷаи Амрико Кондолиза Райс мегӯяд, вақти муноқиша дар Гурҷистон ба поён расидааст. Хонум Райс имрӯз дар ҷануби Фаронса бо раиси ҷумҳур Николя Саркозӣ доир ба муноқишаи Гурҷистону Русия гуфтӯгу кард. Як рӯз пеш аз ин бо миёнҷигарии Николя Саркозӣ, ки раҳбари феълии Иттиҳодияи Аврупост, Русияву Гурҷистон ба созиши оташбас мувофиқат карданд. Раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, Кондолиза Райс як бастаи санадҳоро рӯзи ҷумъа ба Тифлис мебарад, ки ҳадаф аз онҳо тақвияти иҷрои созиши оташбас ва боз кардани роҳ барои ихроҷи нерӯҳои Русия аз Гурҷистон мебошад.

XS
SM
MD
LG