Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарояндагони ҷавонмарги тоҷик


Овозхони маъруф Соҳиб Нозимов дар синни 36-солагӣ дунёро падруд гуфт
Овозхони маъруф Соҳиб Нозимов дар синни 36-солагӣ дунёро падруд гуфт

Дар барномаи навбатии «Ояндасоз» аз зиндагиномаи овозхонон ва оҳангсозони хуби тоҷик хоҳем гуфт, ки имруз миёни мо нестанд.

Самандари Мирзо, овозхон ва охангсозе, ки тӯли солиёни дароз барои овозхонони маъруфи кишвар тарона эҷод мекард ва худ низ аз дарди ҷомеъа месуруд, чанд рӯз қабл бар асари бемории вазнин даргузашт.

Самандари Мирзо беш аз сӣ соли умри худро ба санъати тоҷик бахшид ва дар тӯли умри кӯтоҳи худ тавонист оҳангҳои ҷаззобу дилнишин биофарад ва дар миёни шунаванадагон шӯҳрат касб кунад. Мунақиддони мусиқӣ мегӯянд, ҳунари Самандари Мирзо як ҷазабаи махсус доштааст ва садои ӯ, тарзи эҷоди тарона, ҳунари мутрибияш ба дараҷаи баланд расида буд. Яке аз таронҳои маъруфтарини ӯ «Марги сафед» ном дорад, ки аз дарди ҷомеъа мехонад ва аз беҳтарин офаридаҳои ин ҳунарманд шинохта мешавад.

Барои шунидани оҳангҳои Самандари Мирзо, аудиоро дар тарафи рости болои ин саҳифа ангушт бизанед.

Фахриддини Малик, овозхони тоҷик, ки тайи солҳои чанд бо Самандари Мирзо ҳамкорӣ дошт ва худро то як андоза шогирди ӯ медонад, дар сӯҳбат бо мо гуфт, Саманадри Мирзо дар аксари жанрхои мусиқие ки дар Тоҷикистон маъмул аст, оҳанг эҷод мекард, ки ин оҳангҳоро Фахриддини Малик беназир медонад. Ба гуфтаи Фахриддин, Самандари Мирзо аз камтарин эҷодкоронест, ки тавони хуб сароидан, шеър гуфтан ва мусиқӣ навохтанро дошт.

Сайвалии Тоҳир, яке аз дигар овозхонони тоҷик мегӯяд, ӯ бо Самандари Мирзо беш аз сӣ сол ҳамкории эҷодӣ доштааст. Ба қавли Сайвалии Тоҳир, аксари таронаҳои Самандари Мирзо тараннумгари зебоиву ишқу муҳаббат буданд.

Овозхони дигар, Зикриоллоҳ Ҳакимов мегӯяд, Самандари Мирзо барои аксари овозхонони пурҳаводори тоҷик оҳанг эҷод мекард ва марги ин ҳунарманд барои санъати мусиқии тоҷик як талафоти бузург аст

Ва як хабари дигари нороҳаткунанда барои шунавандаи тоҷик ин аст, ки дирӯз яке аз дигар овозхонон ва такмилгари оҳангхои мудерн Соҳибқирони Нозим аз бемории саратон даргузашт. Соҳибқирони Нозим ҳамаги 36 сол дошт ва аз беҳатарин такмилгари оҳангҳои тоҷикӣ дониста мешуд. Дӯстони Соҳибқирон мегӯянд, ӯ ҳамеша барои дигар овозхонон меофарид ва нақшаҳои зиёд дошт, мехост таронаҳои худро низ сабт намояд.

Аммо, мутассифона, то имрӯз тавонист танҳо ду таронаи худро бисарояд ва сабт кунад.

Барои шунидани оҳангҳои Самандари Мирзо ва Соҳибқирони Нозим ишораи аудио дар тарафи рости болои ин саҳифаро нохун занед.

XS
SM
MD
LG