Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи нерӯҳои Русия аз Гурҷистон


Вазорати умури дохилаи Гурҷистон мегӯяд, нерӯҳои Русия шаҳрҳои аз назари стротежӣ муҳими Гурҷистонро тарк мекунанд. Сухангӯи вазорат Шота Утиашвилӣ имрӯз дар шаҳри Тифлис гуфт, мошинҳои зиреҳпӯш ва сарбозони Русия аз шаҳри Горӣ, воқеъ дар марзи Осетияи Ҷанубӣ берун мешаванд ва онҳо ҳамчунин шаҳри бандарии Потӣ дар Баҳри Сиёҳро тарк кардаанд, ки дорои як терминали муҳими нафтӣ аст. Ҳузури қувваҳои Русия дар Гурҷистон ин нигарониҳоро барангехт, ки Маскав созиши оташбаси ҳосилшуда бо миёнҷигарии раиси ҷумҳури Фаронса Николя Саркозиро, риоят намекунад. Бар асоси созиш, қувваҳои ҳар ду тараф бояд ба мавқеъҳои пеш аз ҷангии худ баргарданд.

XS
SM
MD
LG