Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии матбуоти имрӯзи хориҷӣ


Мавзӯъи буҳрони Осетияи Ҷанубӣ дар матбуоти хориҷӣ ҳарчанд каме поинтар рафтааст, вале ҳанӯз сард нашудааст.

Нашрияҳои имрӯзи ғарбӣ ва амрикоӣ дар баробари дигар мавзӯъҳои муҳим сари он зиёд тамаркуз кардаанд, дақиқтараш, натоиҷи ин буҳронро ба баррасӣ гирифтаанд. Рӯзномаи «Таймс»-и чопи Ландан дар ин робита навиштааст, ки сарфи назар аз онки дар буҳрони Осетияи Ҷанубӣ Русия, ба истилоҳ, бо ҳисоби 10:0 бар Гурҷистон пирӯз шуда бошад ҳам, вале Гурҷистон дар рақобати афкори ҷомиъаи ҷаҳонӣ ғалаба ба даст овардааст. Нашрия афзудааст, агар артиши Гурҷистон ба мисли таблиғгаронаш фаъъолият мекарданд, дар он сурат ҷанг дар Осетияи Ҷанубӣ ба гунаи дигар анҷом мегирифт. Ба навиштаи «Таймс» дар ҳоле Гурҷистон дар наздиктарин хатти ҷанг маркази иттилоъотӣ боз карда ва мунтазам аз ин нуқтаи доғ гузоришҳо нашр мекард, Русия дастрасӣ ба Осетияи Ҷанубиро сахт маҳдуд сохта буд.
«Уол стрит ҷорнел»-и амрикоӣ дар робита ба буҳрон дар Осетияи ҷанубӣ менависад, тавассути ҷанг дар Гурҷистон ҷомиъаи ҷаҳонӣ акунун дарк кард, ки воқеъияти «ҷанг барои нафт» чи гуна аст. Ба эътиқоди таҳлилгарони рӯзнома, Путин ва элитаи Русия бештар аз ҳама ба қаламравҳо ва захоири таббиъӣ бартарӣ медиҳанд ва барои талошҳои Путин дар мавриди ҳукмронӣ ва идораи интиқоли захоири энержӣ ба Аврупои ғарбӣ маҳз Гурҷистон халал мерасонд.
«Файненшл таймс»-и Бритониё бо манзури мавқеъгириҳои раҳбарони Русия дар буҳрони Осетияи Ҷанубӣ суъол гузоштааст, ки Русияро кӣ идора мекунад: сарвазир Путин ва ё Президент Медведев? Ва ҳамчунин ба ин суъоли гузошта низ посух додааст, ки ҷанги Қафқоз намоиш дод, ки Медведев зери сояи Путин нопадид шудааст. Ба қавли рӯзнома, аллакай васоити ахбори умуми Русия баррасии мавзӯъи тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни ин кишварро оғоз кардаанд. Рӯзнома афзудааст, дар тамоми давраи буҳрон фақат Путин дар бораи ҷанг мегуфт ва то кунун расонаҳои хабарӣ онро ба такрор намоиш медиҳанд, ва ин ҳамакорагии ӯ ақидаеро эҷод кардааст, ки то кунун идораи давлати Русия дар дасти раҳбари собиқи хадамоти федеролии амният аст.
Рӯзномаи инглисии «Гардиан» хабар додааст, ки мушовири номзади ҳизби демократи ИМА ба мақоми раиси ҷумҳури ин кишвар Барак Обама сиёсатшиноси шинохта Збигнев Бженский, ки даъват карда буд, бо нишони эътироз ба амалиёти Русия дар Қафқоз бояд ин кишварро дар инҳисори ҷомиъаи ҷаҳонӣ қарор дод, Путинро ба Гитлер қиёс кардааст. «Баҳонаи Путин, менависад рӯзнома, дар ҷанги Қафқоз, ки ҳимояти шаҳрвандони маскуни Осетияи ҷанубӣ аст, шабеҳи иқдомоти Гитлер дар соли 1938 ҷиҳати ҳимояти олмониҳои вилояти Судет мебошад, ки ба сифати ин баҳона ба Чехославакия ҳамла карда буд».
Рӯзномаи «Таймс»-и Ландан дар як матлаби худ навиштааст, ки дар Арктика, ба истилоҳ, ҷанги сард шурӯъ шудааст. Ба иттилоъи рӯзнома, як киштии муҳофизии ИМА бо ҳадафи мубориза бо Русия ҷиҳати дарёфти ҳаққи дастрасӣ ба захоири бузурги нафту гази табиъӣ ба Арктика сафар кардааст. «Таймс» муътақид аст, ки ҳадафи сафари сеҳафтаинаи ин киштии муҳофизӣ таҳияи нақшаи бистари уқёнуси яхбастаи шимолӣ дар минтақаи кашфнашудаи баҳри Бофорт аст.
Ва аммо рӯзномаи «Ди пресс»-и Австрияро масоъили иҷтимоъӣ бештар мутаваҷҷеҳ кардааст. Он дар матлабе овардааст, ки руспигарӣ (фоҳишагарӣ) дар Укроин расман мамнӯъ аст, вале шумори сайёҳони алоқаманди равобити ҷинсӣ дар ин кишвар ҳамасола бо суръати бесобиқа меафзояд ва даромад аз хидмати алоқаи ҷинсӣ дар ин кишвар ҳар сол бештар аз якуним миллиард евроро ташкил медиҳад. Дар ин робита нашрия меафзояд, 50 зан дар Майдон, ки маҳалли эътирозҳои сиёсии ин кишвар буд, дар тан либоси фоҳишагӣ ҷамъ омада, ба ин раванди номатлуби ҷомиъаи кишвар эътироз кардаанд.
XS
SM
MD
LG