Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch (HRW) дар Тифлис аз вазъ дар деҳоти гурҷинишини атрофи шаҳри Горӣ изҳори нигаронӣ кард. Ин деҳаҳо таҳти назорати нерӯҳои Осетияи ҷанубӣ қарор доранд. Мақомоти маҳаллӣ ба ҳомиёни ҳуқуқи башар гуфтанд, ки осетинҳо се деҳаро ба оташ кашида, пайваста ба мардуми маҳаллӣ ҳамла мекунанд.
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дирӯз ба хабарнигорон гуфт, ба артиши кишвар амр шудааст, ки аз ҳама гуна амалҳои ғорати амвол ва поймолсозии ҳуқуқҳои мардуми маҳаллӣ ба таври қатъӣ ҷилавгирӣ кунад.