Президенти Гурҷистон мегӯяд, тарҳи пешниҳодии Иттиҳоди Аврупоро дар қатъи ҷанг бо Русия қабул дорад. Михеил Саакашвилӣ пас аз мулоқот бо президенти Фаронса Николас Саркoзӣ шаби гузашта гуфт, "оташбас зарур аст." Президентҳои Русия ва Гурҷистон розӣ шудаанд, ки нерӯҳои худро ба мавзеъҳои ибтидоӣ баргардонанд. Президенти Фаронса гуфт, ишора ба гуфтушуниди "мақоми оянда"-и ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон бо ризоияти тарафҳо ихтисор шуд. Дар ин байн Саакавшилӣ гуфт, Гурҷистон тамомияти арзии худро зери ҳеҷ созишномаи сулҳе хадчадор нахоҳад кард.