Чунонки хабарнигори родиюи «Озодӣ» Расули Шодон аз маҳалли ҳодиса хабар медиҳад, сӯхтор майдони беш аз 2000 метри мураббаъро фаро гирифта, дар натиҷа зиёда аз 600 дукон ва тақрибан 60 адад контейнери тиҷоратӣ ба коми оташ рафтааст. Сӯхтор дар маҳалли фурӯши умдаи колои ин бозор сурат гирифтааст.
Як хонуми тоҷири ин бозор бо номи Ширин ба хабарнигори родиюи «Озодӣ» изҳор кардааст, ки чунин сӯхтори калон дар инҷо бори панҷум аст ва баъид нест, ки ин дафъа ҳам сӯхтор ба таври сунъӣ, яъне бо дасти табаҳкоре, ба амал омадааст.
Феълан дар ҷои ҳодиса гурӯҳи махсусе ба тафтиши сабабҳои ин сӯхтор ва муайян намудани ҳаҷми хисороти ворида дар пайи он машғул аст.