Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳаввулоти ахири низоъ дар Қафқоз


Вазорати дифоъи Русия таъйид кард, ки нерӯҳои он аз минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистон то ба дохили қаламрави Гурҷистон ҳаракат кардаанд. Вазорати дифоъ гуфт, ҳаракат ба шаҳри Сенакӣ зарур аст, то аз ҳамлаҳои нави Гурҷистон ба Осетияи Ҷанубӣ пешгирӣ карда шавад. Амалиёти мазкур дар пайи ҷангҳои шадиди нерӯҳои Русия ва Гурҷистон барои таҳти назорат даровардани шаҳри Схинвалӣ пойтахти Осетияи Ҷанубӣ сурат мегирад. Ҳарду тараф имрӯз ҳам якдигарро ба идомаи ҳамлаҳо муттаҳам карданд. Гурҷистон мегӯяд, ки нерӯҳояшро аз Схинвалӣ берун кашида ва тирандозиро бас кардааст, аммо Русия гуфт, нерӯҳои гурҷӣ имрӯз аз мавқеъҳои худ ба шаҳри Схинвалӣ тиру тӯп андохтаанд. Гурҷистон эълом кард, ки шаби гузашта ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ба қаларави он кишвар ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додаанд.

XS
SM
MD
LG