Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати нерӯҳои Русия ба хоки Гурҷистон


Вазорати дифоъи Русия таъйид кард, ки нерӯҳои он аз минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистони Гурҷистон то ба дохилтари қаламрави Гурҷистон ҳаракат кардаанд. Пештар аз ин вазорати умури дохилаи Гурҷистон рад кард, ки ҷудоихоҳони Абхозистон сарбозони он кишварро дар як гӯшаи минтақаи мазкури ҷудоихоҳ танг кардаанд.

Сухангӯи вазорат Шота Утиашвилӣ имрӯз гуфт, ҷудоихоҳони абхоз чанд дафъа ба дараи Кодорӣ, ки таҳти назорати нерӯҳои Гурҷистон аст, ҳамла карданд, аммо ҳамаи ҳамлаҳои онҳо баргардонда шуд. Пештар аз ин нозирони Созмони Милали Муттаҳид дар Абхозистон гуфтанд, ки воқеан дараи Кодорӣ таҳти ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифтааст ва сарбозону аслиҳаи вазнини ҷудоихоҳони абхоз ба сӯи дараи Кодорӣ ҳаракат мекунанд.

Ҳукумати Гурҷистон мегӯяд, 4 ҳазор сарбози Русия ба Абхозистон ворид шудааст ва Маскав ба “таҷовузи нав” дар ин минтақа омодагӣ мегирад. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия мегӯянд, ки ин гуна ният надоранд.
XS
SM
MD
LG