Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи колои Мозандарон дар Душанбе


9-уми август дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе Намоишгоҳи ихтисосии тавонмандиҳои устони Мозандарон (Эрон) ифтитоҳ гардид.

Имрӯз намояндагони утоқи бозургонии устони Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо тоҷирони тоҷик дар иртибот ба ҳамкориҳо ва имзои қарордодҳо дар бахшҳои мухталиф музокирот доранд. Ин музокирот дар чаҳорчӯби Намоишгоҳи ихтисосии тавонмандиҳои Мозандарон дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.
Намоишгоҳи мазкур 9-уми август боз гардид ва қарор аст то 14-уми август идома кунад. Ҳамид Аскарӣ, муовини раиси утоқи бозургонии Мозандарон, дар бораи ҳадафи ин намоишгоҳ ва ҳамкорӣ бо тоҷирони тоҷикистонӣ гуфт: «Мо ду рӯз аст, ки намоишгоҳро ихтисос кардем ва имрӯз як ҳамоиши тиҷорӣ гузоштем. Туҷҷори мозандаронӣ ва туҷҷори тоҷикистонӣ музокирот анҷом доданд. Қарор аст имрӯз мунҷар ба имзои қарордод шавад. Мо аз ин намоишгоҳ бисёр розӣ ҳастем. Намоишгоҳи мо хеле хуб истиқбол шуд. Мо колоҳое овардем, ки ҳам ба салиқаи мардуми шумо созгор аст ва ҳам ниёзи кишвари шумост. Дар канори ин текноложӣ низ овардаем, ки кумаке ба бародари дӯсту мусалмони худ дар Тоҷикистон бикунем».
Дар намоишгоҳи ихтисосии тавонмандиҳои Мозандарон 35 ширкати гуногуни ин устони Эрон ширкат мекунанд. Бархе аз ин ширкатҳо на танҳо дар Эрон, балки дар кишварҳои хориҷӣ ҳам маъруфанд.
Ширкати «Нигин Абрешим» барои намоиш қолиҳои беҳтарини худро овардааст, ки аз 90 то 500 дулори амрикоӣ арзиш доранд. Ҳусейни Искандарпур, намояндаи ин ширкат, мегӯяд: «Ширкати мо барои намоишгоҳ қолиҳо бо рангҳои мухталиф овардааст. «Гулваҳӣ», «Каримчирк», «Заришкӣ» ва «Лак» намунаҳои машҳуре аз қолиҳост. Ширкати мо дар устони Кошон низ намояндагӣ дорад».
Қарор аст дар Тоҷикистон маркази фурӯши тухми мурғи Мозандарон ташкил шавад. Намояндагони ширкатҳои мозандаронӣ аз ин намоишгоҳ интизори густариши равобити тиҷоратии худ бо Тоҷикистонро доранд.
XS
SM
MD
LG