Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Литва Маскавро дар нақзи қонунҳо айбдор кард


Вазири хориҷаи Литва Петрас Вайтиекунас Русияро дар "нақзи дағалонаи қавонини байналмилалӣ" айбдор кард. Вай гуфт, ки нирӯҳои низомии Русия аз ҳама хатҳои сурх убур карда марзҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшудаи Гурҷистонро рахна намуданд. Вай гуфт, ки чунин иқдоми Маскав дар равобити минбаъдаш бо давлатҳои қаламрави Авроатлантика паёмадҳои ҷиддӣ ба бор хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG