Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Курдҳо худро масъули таркиши лулаи нафт хонданд


Ҷудоихоҳони курд имрӯз масъулияти инфиҷори аввали ҳафта дар лулаи нафти Боку-Тифлис- Сайҳунро бар дӯш гирифтанд. Ҳизби Коргарони Курдистон гуфт, таркиш як харобкорӣ буд ва ба зудӣ тафсилоти дигарро низ нашр хоҳад кард. Инфиҷор рӯзи 5-уми август дар шарқи Туркия ба вуқӯъ пайваст. Ширкати давлатии нафти Туркия мегӯяд, дар ҷои ҳодиса далеле, ки ба харобкорӣ ишора кунад, дарёфт нашудааст. Тармими лула то ду ҳафтаи дигар идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG