Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Буш вориди Пекин шуд


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш имрӯз ба хотири ширкат дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпӣ вориди Пекин шуд.

Ҷорҷ Буш субҳи имрӯз дар Бангкок, пойтахти Таиланд, аз Чин даъват кард, вазъи ҳуқуқи башарро дар он кишвар беҳбуд бубухшад. Буш бо изҳори “нигаронии амиқ” аз поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Чин гуфт: “Амрико ба боздошти дигарандешони сиёсӣ, мудофеъони ҳуқуқи башар ва фаъолони мазҳабӣ дар Чин ба таври ошкоро мухолифат дорад. Мо ба таври ошкоро ба матбуоти озод ва озодии гирдиҳамоиҳову ҳуқуқи коргар даъват мекунем, аммо на ба хотири мухолифатҷӯӣ бо раҳбарони Чин, балки барои мутмаин кардани мардуми он кишвар, ки озодии бештар барои Чин танҳо роҳи баҳбабардории комил аз имконоти он кишвар аст.”

Чин дар посух ба интиқодҳои Ҷорҷ Буш гуфтааст, ки мухолифи ҳар навъ дахолат дар умури дохилиаш мебошад.

XS
SM
MD
LG