Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи ҳоким бар зидди Мушарраф бармехезад


Эътилофи аҳзоби ҳокими Покистон ҷиҳати дар ҳафтаи оянда дар парлумон бардоштани масъалаи импичмент, ё худ адами раъйи эътимод ба раисиҷумҳур Парвиз Мушарраф тавофуқ кардааст. Вазири иттилооти Покистон Шерри Раҳмон гуфт, тарҳи ниҳоии пешнависи чунин тақозо, қарор аст, ҳамин рӯз омода шавад. Хонум Раҳмон афзуд, эътилоф ба хотири баррасии ин иқдом хостори даъвати иҷлоси парлумон дар таърихи 11 август шудааст.

Бино ба хабарҳо, тавофуқ дар мавриди ба масъулият хондани Парвиз Мушарраф субҳи имрӯз баъди чанд рӯзи машварат байни Осиф Алӣ Зардорӣ, раҳбари ҳизби мардумии Покистон ва сарвазири пешин Навоз Шариф ба даст омадаааст.Алӣ Зардорӣ имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар Исломобод гуфт: “Раҳбарони эътилоф мутмаинанд, ки вазифаи аввалиндараҷа ин иқдом ҷиҳати раъйи адами эътимод алайҳи Мушарраф бар асоси банди 47 аст.”

XS
SM
MD
LG