Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фаъоли ҳуқуқи башар дар Чеченистон рабуда шуд


“Мемориал”, як гурӯҳи дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Русия аз рабуда шудани як фаъоли ҳуқуқи башар дар Чеченистон хабар додааст. “Мемориал” мегӯяд, афроди ношинос Муҳаммадсалоҳ Масаевро аз рустои Итумқалъаи Чеченистон рабудаанд. Масаев ба хотири анҷоми маросими дафн ва фотиҳаи хоҳараш ба Итумқалъа омада буд.

Муҳаммадсалоҳ Масаев ба гурӯҳҳои байналмилалии ҳуқуқи башар дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон дар Чеченистони ҷангзада гузоришҳо медод.
XS
SM
MD
LG