Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳдоси як шоҳроҳ дар Афғонистон такмил шудааст


Муовини вазири фавоиди оммаи Афғонистон гуфт, муҳандисони Ҳинд эҳдосии як шоҳроҳи муҳимеро, ки Афғонистонро бо бандарҳои дарёии Эрон хоҳад пайваст, анҷом додаанд. Валимуҳаммад Расулӣ гуфт, ин шоҳроҳ 217 километр тӯл дошта, шаҳрҳои бузурги Афғонистонро бо Бандари Аббос ва Чобаҳор мепайвандад. Расулӣ гуфт, ин шоҳроҳ алорағми ҳамалоти Толибон ва ҳалокати беш аз 100 нафар дар ин 2 сол сохта шуд.

Афғонистон, ки кишвари хушкаист ва роҳи мустақими баромад ба уқёнусро надорад, то кунун воридоти маҳсулоташро асосан тавассути бандари Карочии Покистон анҷом медод.

XS
SM
MD
LG