Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё: «Занҳо бояд дар хона нишинанд»


Мавзӯи амиқтар шудани ихтилофҳо миёни Русияву Гурҷистон ва вазъи сиёсӣ дар Осетияи ҷанубӣ дар сархати нашрияҳои чопи имрӯзи Ғарб қарор гирифтааст. Аксари нашрияҳои ғарбӣ ин вазъро муборизаи Русия барои таъсир гузоштан дар Қафқоз ва кушиши ҷилавгирии он аз шомил шудани Гурҷистон ба НАТО арзёбӣ кардаанд. Ва аммо менависанд, барои Саакашвилӣ доштани душмани беруна муфид аст, вале таъкид мекунанд, ки беҳтар аст, ихтилоф набояд ба бархӯрди низомӣ анҷом шавад, зеро имкон аст вазъ аз назорати «лухтакбозон»-и хориҷӣ берун шавад.

Ба назари рӯзномаи олмонии «Берлинер Тсайтунг», Осетияи ҷанубӣ дар остонаи ҷанг қарор гирифтааст. Нашрия навиштааст, ҳукумати Осетияи ҷанубӣ кудаконро ба Русия интиқол медиҳад ва садҳо нафари сар то по мусаллаҳ аз тариқи нақби Рок омодаанд, ки барои ҷанг бо артиши Гурҷистон вориди минтақа шаванд.

Рӯзномаи бритониёии «Таймс», дар ташреҳи вазъи баамаломада дар атрофи Осетияи ҷанубӣ навиштааст, ин ихтилоф метавонад хеле осон Русияро дар муқобили ИМА ва Аврупо гузорад. Ва сабабро ҳам ин нашрия дар хоҳиши зиёди Гурҷистон барои пайвастан ба НАТО ва пуштибонии ин ақида аз сӯи ИМА унвон кардааст.

Рӯзномаи «Таймс» ҳамчунин дар як матлаби дигар ба шурӯъи ҷанг дар Ироқ таваҷҷӯҳ карда навиштааст, мақомоти истихборотии Бритониё дар остонаи ҳамлаи Амрико ба Ироқ сарвазири вақт Тони Блэрро мутақоид сохта буд, ки Саддом Ҳусейн силоҳи ҳастаӣ надорад. Ба қавли рӯзнома, ин маълумоти ҷосусӣ ба ИМА пешниҳод гардид, аммо Қасри Сафед онро пинҳон дошт. Рӯзнома ин маълумотро бо истинод китоби ба тозагӣ нашршудаи Рон Саскинд, «Роҳ ба сӯи ҷаҳон» нашр кардааст.

«Уол стриит ҷорнал»-и амрикоӣ менависад, дар китобчае, ки ба ихтиёри идораи ин рӯзнома расидааст, таъкид бар он шудааст, ки аз ин ба баъд «Артиши Маҳдӣ» бар тибқи дастури мазҳаби шиа амал хоҳад кард, на идеологияи зиддиамрикоӣ. Ба қавли рӯзнома, ин дар ҳолест, ки душмани ашаддии Амрико дар Шарқ Муқтадо ас-Садр дар ин авохир обрӯи худ дар миёни мардуми оддии минтақаро аз даст медиҳад ва мардум дигар аз артиши ӯ чун аз наҷотдиҳанда пуштибонӣ намекунанд. Ва тахмин мезанад, ки иллати аслии тағйири самти фаъолият кардани Муқтадо ас-Садр ҳам маҳз ҳамин аз даст додани пуштибонии сокинон будааст.

«Уол стрит ҷорнал» ҳамчунин хабар додааст, ки дар даҳҳо ҳазор таксиҳои Чин ҷиҳати амният дар давраи Бозиҳои олимпии Пекин микрофонҳо насб шудааст ва масъулин инро барои амнияти ронандаҳо унвон мекунанд. Вале ба қавли рӯзнома, ин дастгоҳи насбшуда имкони дар масофаи дур гӯш кардани сӯҳбати мусофиронро доштааст.

Рӯзномаи «Ди пресс»- Австрия аз мушкили омодагии Укроин барои баргузории мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2012 навиштааст, Нашрия бо истинод ба мансабдорони укроинӣ менависад, агар Укроин бо иллати омода набудан ҳаққи мизбонии ин мусобиқотро аз даст диҳад, ин барои тамоми кишвар шармандагӣ хоҳад буд. Ба қавли рӯзнома, иллати зуҳури сару садоҳо дар мавриди маҳрум шудани Укроин барои баргузории мусобиқоти Ҷоми футболи Аврупо- 2012, омода набудани варзишгоҳҳо ва иншооти марбут ба ин мусобиқот аст.

«Индепендент»-и Ландан бо истинод ба натиҷаи як таҳқиқот навиштааст, аксари сокинони Бритониё бар онанд, ки занҳо бояд дар хона нишинанд. Ба навиштаи рӯзнома, занҳои инглис бо иллати ба даст овардани шӯҳрат ҳаёти шахсии худро қурбон мекардаанд. Ва низ қисмати хеле ками худи онҳо ба ин ақида будаанд, ки шӯҳрат ба даст овардан истиқлоли молии занҳоро таъмин мекардааст.

XS
SM
MD
LG