Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як сарбози хориҷӣ дар Афғонистон


Нерӯҳои эътилофии ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон мегӯянд, як сарбози онҳо, ки бар асари таркиши бомби канори роҳ ҷогузоришуда, захм бардошта буд, ҷон додааст. Дар баёнияи расмии нерӯҳои эътилоф гуфта мешавад, инфиҷор рӯзи душанбе ба вуқӯъ пайваст, аммо доир ба маҳалли таркиш ва ҳуввияти сарбози ҳалокшуда иттилоъе дода нашудааст. Аз аввали сол то кунун, бар асари ҳамлаву бомбгузориҳои ҷангҷӯён дар Афғонистон бештар аз 2700 нафар ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG