Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш хостори озодиҳои мазҳабӣ дар Чин шуд


Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури ИМА мутмаин аст, ки барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ бояд таҳти назорати шадид бошад. Ин изҳороти ӯ дар нишасти хабарӣ ба думболи музокироташ бо раисиҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ Ли Мён-Бак садо дод. Буш ҳамчунин аз мақомоти Чин даъват кард, ки озодии мазҳабиро таъмин кунанд. Охири ин ҳафта президенти ИМА дар чаҳорчӯби сафараш ба кишварҳои қораи Осиё вориди Пекин мешавад ва дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG