Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Буш ба кишварҳои Осиё аз Сеул оғоз ёфт


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш имрӯз сафари дар маҷмӯъ ҳафтрӯзааш ба 3 кишвари қораи Осиёро аз дидори Кореяи ҷанубӣ оғоз кард. Дар остонаи сафари Буш, ҳамтои кореягии ӯ Ли Мюнг Бак ҷиҳати афзоиши тадобири амниятӣ дар Сеул дастур дода, дар ҷаласаи ҳукумат равобити наздик бо Амрикоро “сутунмӯҳраи дипломатияи Кореяи ҷанубӣ” номидааст. Ба хотири ҷилавгирӣ аз эътирозҳо, ҳазорон маъмури пулис ба кӯчаву хиёбонҳои Сеул рехтаанд. Ба дунболи Кореяи ҷанубӣ, Ҷорҷ Буш ҳамчунин аз Таиланд ва Чин дидан карда, рӯзи 8 август дар Пекин, дар расми ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ низ ширкат хоҳад варзид.

XS
SM
MD
LG