Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори нави Амрико ба Эрон


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, агар Эрон ба бастаи пешниҳодии қудратҳои ҷаҳонӣ посухи мусбат надиҳад ба “иқдомоти бештар” ба мисли таҳримот дучор хоҳад шуд. Ин қудратҳо ба Эрон бастаи имтиёзҳои иқтисодиву сиёсӣ пешниҳод карда ва дар иваз аз он кишвар хостаанд, фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро боздорад.
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико Гонзало Галлегос имрӯз гуфт, шаш қудрати ҷаҳонӣ мувофиқат карданд, дар сурати нагирифтани посухи равшан ва мусбат, илоҷи дигаре ба ҷуз андешидани иқдомоти нав ба зидди Эрон нахоҳанд дошт.
Гонзало Галлегос афзуд, давлати Эрон гуфтааст, то фардо 5 август посухи хаттиро хоҳад дод. Айни замон гузориш шудааст, ки Маҳмуди Аҳмадинажод ҳафтаи оянда ба Туркия меравад, то барномаи ҳастаии кишварашро бо раиси ҷумҳури ин кишвар Абдуллоҳ Гул баррасӣ кунад. Туркия гуфтааст, омодааст, дар ҳалли ин бӯҳрон кӯмак намояд.


XS
SM
MD
LG