Дар ин байн Афғонистон нақши ҷолиберо бар дӯш гирифт, ки аз як сӯ бо Ҳинд наздикиибештар нишон дод ва аз сӯи дигар такроран Покистонро дар мушкилоти амниятии минтақа айбдор кард. Ин ҳам дар ҳоле ки ба думболи ҷаласаи Шри Лонко, раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай, озими Ҳинд гашт ва дар рӯзҳои ҷаласа бо сарвазир Покистон, Юсуф Ризо Гелонӣ, мулоқот кард.
Изҳороти шадидуллаҳни раисиҷумҳури Афғонистон дар иҷлоси сарони кишварҳои ҷануби Осиё як навъ ҳушдоре ба унвони Покистон дониста шуд. Карзай гуфт: "Дар ҳоле ки минтақаи мо ҳазорон мушкили дигаре дорад, аз қабили фақри мудовим, камбуди ғизо ва энержӣ, таназзули муҳити зист ва ғайра, терроризм бузургтарин ва хатарноктарини ҳамаи онҳост."
Карзай афзуд, фурсати он расидааст, дарк карда шавад, ки истифодаи ситезаҷӯён бо аҳдофи танги геополитикӣ суди дарозмуддат надорад. Карзай Исломободро масъули таркиши худкушонаи назди сафорати Ҳиндустон дар Кобул номид, ки бар асари он 60 нафар кушта шуд.
Ба гуфтаи хабаргузориҳо, сарвазири Покистон, Юсуф Ризо Гелонӣ дар Коломбо ваъда дод, иттиҳомоти инро, ки хадамоти махфии Покистон дар ин ҳодиса даст дорад, пажӯҳиш кунад. Бори аввал нест, мақомоти гуногуни Афғонистон, хадамоти ҷосусии Покистонро дар ҳамдастӣ ва мусоидат ба фаъолиятҳои тахрибгаронаи Толибон ва гурӯҳҳои ситезаҷӯ айбдор мекунанд. Худи Гелонӣ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CBS-и Амрико гуфта буд, чунин иттиҳомот боварнакарданӣ нест.
Ҳафтаи гузашта рӯзномаи бонуфузи "Ню Йорк Таймс" хабар дод, ки Идораи Марказии Кашфи Амрико далелҳоеро ба мақомоти баландпояи Покистон исрол дошт, ки тибқи онҳо ҷосусони хадамоти иктишофии Покистон - ISI равобитро бо бархе аз гурӯҳҳои ситезаҷӯи Афғонистон таҳким медиҳанд.
Аммо сухангӯи давлати Покистон гуфт, шояд бархе аз кормандони ин ниҳоди ниманизомии Покистон аз рӯи ақида ба чунин гурӯҳҳо кӯмак карда бошанд. Аммо ин сухангӯ дертар гуфтаи худро тағйир дод ва афзуд, манзураш гузашта буд, на замони ҳозира. Аммо Исломобод иқрор кард, ки бояд ҳавохоҳони Толибонро аз хадамоти иктишофии худ ихроҷ кунад.
Рафик рахмонов бас будагист.тули 28 сол дар кишвар хеч чои горатнашуда намонд.хама сохторхои давлати аз рахмонов норозианд. Онхо низ мунтазири халк хастанд. Насиб бошад хамин сол халки чабрдидаи точик дигаргунихоро мебинад
Агар ин занон пулу маблаг надоранд,чи гуна рохи бизнесро ёд гиранд?Пул медоштанд,бе омузиши биснес хам рохи бизнесро меёфтанд.
Ҳами машқ куно кушоду возеъ нишон додестиян ки ҳе халқ шумо кай ҳуқуқи худро талаб мекунен нашид худшон бромадиян майдон озодона нишон додестиян ки ёд гирен
Аз хама Военкомати Порахурхо дар чумхури. Н А Чоми мебошад. Як пропоршик. Бо тайота мегарда бокимондахош. Киа спартак. Мерсадес бенс. Сечка медонед даромадхои ин аз кучо. 10 нафар корша дар як сезон буд мекардан. Аз 7 хазор то 10 хазор сомон мегирфтан. Дар як сезон як коргари оди военкомат Аз. 70 то 100 хазор сомон кор мекардан. Райони бесохибхо факат корхояшон Аблавкуни ба кучо халк намедона даъво кунад
Рахмонуф пир шид бигзор бмона халк тинч зиндаги кна.хамачия манаполия кадай оилашкати.уже безор шидем ай рахмонуф.рахмонуф пенса брав илтимос