Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни мӯҳлати охирини посухи Эрон ба Ғарб


Намояндаи Иттиҳоди Аврупо тасдиқ кард, ки мӯҳлати ғайрирасмии посухи Эрон ба пешниҳодҳои шашгонаи байнулмилал дар мавриди барномаи ҳастаии Теҳрон ба поён расида ва то ҳанӯз Эрон ба он ҷавоб надодааст. Рӯзи 19-уми июл панҷ давлати узви доимии Шӯрои Амният бастаи нави додуситад бо Эронро ба ҳукумати ин кишвар пешниҳод карданд ва изҳор доштанд, ки дар ду ҳафтаи оянда ба онҳо посух дода шавад. Вале намояндаи Иттиҳоди Аврупо ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, муаллифони пешниҳод метавонанд, як-ду рӯзи дигар низ сабр кард. Дар сурати радди пешниҳодҳои Ғарб ба Эрон таҳримҳои нав таҳдид хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG