Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқи Туркманистон ба Тоҷикистон интиқол мешавад


Миёни ҳайати ширкати «Барқи тоҷик» ва ҷониби Туркманистон дар марвиди харидорӣ ва интиқоли барқ ба Тоҷикистон тавофуқ ҳолис шудааст.

Тибқи тавофуқи ҳосилшуда миёни Тоҷикистон ва Туркманистон, интизор меравад, Ишқобод якуниммиллиард киловатт соат барқ ба Тоҷикистон интиқол диҳад. Аммо Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик» мегуяд, ҷонибҳо сари масъалаи қиммати барқ ҳанӯз иттифоқи назар ҳосил накардаанд. Оқои Гулов шарҳ надод, ки Туркманистон ин барқро бо кадом қимат мехоҳад бифурӯшад ва Тоҷикистон бо чӣ нарх ин барқро харидорӣ кардан мехоҳад.

Ба қавли окои Гулов, барқи Туркманистон барои эҳтиёҷоти мардум дар фасли зимистон истифода намешавад ва он танҳо барои таъмини ниёзҳои Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон - «Талко» масраф хоҳад шуд ва пулашро низ ин ширкат пардохт мекунад.

Оқои Гулов афзуд, агар кишварҳои ҳамҷавори Тоҷикистон имкони фурӯши бештари барқро медоштанд, Тоҷикистон барои таъмини мардум дар зимистон барқи онҳоро мехарид. Вале имконоти ин кишварҳо барои интиқоли барқ маҳдуд будааст.

Ба ин тартиб, агар Тоҷикистону Туркманистон сари нархи барқ мувофиқа ҳосил кунанд, шурӯъ аз моҳи октябр барқи Туркманистон вориди Тоҷикистон хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG