Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Мартин Демпсӣ дар Душанбе


Мартин Демпсӣ, иҷрокунандаи вазифаи фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.

Ин аввалин сафари ӯ ба Тоҷикистон пас аз интихобаш ба ин вазифа аст. Оқои Демпсӣ ба хабарнигорон гуфт, бо раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди ҳамкориҳои низомии ду кишвар суҳбат кардааст.

Мартин Демпсӣ баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, тайи як нишасти матбуотӣ гуфт, ҳамкориҳои низомии ду кишвар мавзӯъи аслии сӯҳбати онҳо будааст: «Ҳадафи аслии сафари ман баёни миннатдорӣ ба раисҷумҳури Тоҷикистон аст, ки моро дар самти фаъолиятҳоямон дар Афғонистон дастгирӣ мекунад. Ва ҳамчунин ба ӯ изҳор доштам, ки дӯстии мо на фақат ба хотири Афғонистон аст, балки мо мехоҳем бо Тоҷикистону мардумаш низ ҳамкории қавӣ дошта бошем».

Оқои Демпсӣ гуфт, кишвараш дар мубориза бар қочоқи маводи мухаддир омода аст, ба ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон барои гузаронидани як қатор нишастҳои омӯзишӣ кӯмак расонад.

Дар посух ба ин суол, ки Амрико тасмими Созмони Паймони Амнияти Дастачамъӣ дар мавриди таъсиси як гурӯҳи нерӯҳои муштарак ҷиҳати таъмини амният дар Осиёи Марказиро чӣ гуна қабул мекунад, гуфт, кишвараш ҳар тадбиреро, ки ба таъмини амнияти минтақа мусоидат кунад, ҷонибдорӣ мекунад.

Қаблан расонаҳои Русия аз қавли Николай Бордюжа дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ хабар доданд, ки як гурӯҳи нерӯҳои муштараки кишварҳои узви ин созмон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ташкил хоҳад шуд ва ҳадафаш ҳам ҷилавгирӣ аз ҳар гуна хатаре ҳаст, ки аз сӯйи Афғонистон сар мезанад.

Бархе аз коршиносон ҳадс мезаданд, ки Мартин Демпсӣ, иҷрокунандаи вазифаи сарфармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико бо мақомоти Тоҷикистон мавзӯъи истифодаи фурудгоҳи низомии Айниро низ матраҳ мекунад. Аммо оқои Демпсӣ гуфт, ӯ бо раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди ягон пойгоҳ ё фурудгоҳ сӯҳба накардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки як рӯз қабл Анатолий Сердюков, вазири дифоъи Русия баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Рахмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шахри Душанбе изҳор дошт, ки Тоҷикистону Русия фурудгоҳи Айниро муштарак истифода хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG