Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ раҳбари сербҳои Босния дар додгоҳи СММ


Имрӯз собиқ раҳбари сербҳои Босния Радован Караҷич дар додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҳарбӣ, воқеъ дар шаҳри Ҳайги Ҳолланд, зуҳур намуд.
Караҷич бо ҷиноят бар зидди башарият ва куштори дастаҷамъии мардуми ғайри серб дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Босния, яъне 1992-1995 муттаҳам мешавад. Карачиҷ бояд дар тӯли 30 рӯз ба иттиҳом посух диҳад.

Ӯ гуфтааст, ки ҳангоми муҳокима худ аз худаш дифоъ хоҳад кард.

Караҷич, ки беш аз 10 сол инҷониб дар фирор ба сар мебурд, рӯзи чоршанбе ба маҳбаси додгоҳи Ҳайг интиқол ёфта буд.

XS
SM
MD
LG