Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроилу фаластиниён ноумед нашудаанд


Мақомоти Исроил ва фаластинӣ мегӯянд, умедворанд, кӯшишҳо барои расидан ба созиши сулҳ идома меёбад, бо вуҷуди он ки нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт эълом кард, аз мақомаш истеъфо медиҳад. Ҳукумати Амрико, ки бо сарпарастии он музокироти сулҳи Исроилу фаластиниён аз сар гирифта шуд, гуфт, ҳадафи даст ёфтан ба созиши сулҳ то охири ҳамин сол бетағйир мондааст. Эҳуд Олмерт рӯзи чаҳоршанбе гуфт, пас аз интихоби раиси нави Ҳизби Кадима дар моҳи сентябр ӯ аз мақоми нахуствазири Исроил канор меравад.

XS
SM
MD
LG